25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муносибатҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбанд

140
Муносибатҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбандРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Узбекистон Муъминҷон Юлдошев мулоқот намуда, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тарафро мусбат арзёбӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо тақвияти равобитро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба имконоти вилояти Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки то имрӯз соҳибкорони тоҷику узбек якчанд лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.

«Сармоягузорони кишвари ҳамсоя метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранок ба роҳ монанд», — иброз намуд Раиси вилоят.

Муъминҷон Юлдошев омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво