16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Биноҳои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд

154
Биноҳои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтандБинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ба истифода додани бинои мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии бино соли 2019 оғоз гардида, он бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо сифати баланд бунёд гардидааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он 5 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.

Бо бунёди бинои замонавӣ барои кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ аз ҷониби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ пурра бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Биноҳои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд


Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Панҷ аъзои ҳизб 5006 нафарро ташкил дода, 121 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мавҷуд мебошад. Онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, барои пешрафту шукуфоии Ватан фаъолияти пурсамар доранд.

Аснои боздид зикр гардид, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муовини Раиси ҳизб А. Латифзода масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд.

Чунин иншооти муосир дар маркази ноҳияи Шаҳритус низ бо иштироки намояндагони мақомоти болоии ҳизбӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия ба истифода дода шуд.

Биноҳои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд


Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус аз 2 ошёна иборат буда, ошёнаи 1-ум аз 4 утоқи корӣ ва ошёнаи 2-юм аз 2 утоқ ва 1 толори маҷлисгоҳ иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 108 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 93 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сохтмони бинои маъмурӣ бо саҳми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб соли 2019 оғоз шуда, 25 июли соли 2022 ба итмом расидааст.

Биноҳои нави КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтандЗимни ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби Hаиси ноҳия Ҷабборӣ Ғаффор 2 сотих замини иловагӣ барои ниёзҳои Кумитаи иҷроия ҷудо гардид.

Дар ноҳияи Шаҳритус аъзои ҳизб 6113 нафарро ташкил дода, онҳо дар 89 ташкилоти ибтидоӣ афкори ҳизбро таблиғ менамоянд.

Намои берунаи биноҳои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Панҷ ва Шаҳритус бо тарҳи хос оро ёфта, дар атрофи он гулу дарахтони орошӣ шинонида шудааст, ки зебоии маркази ноҳияро афзун менамояд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои мазкур туҳфаи арзишманди ҲХДТ ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Марҳилаи бузурги созандагӣ дар дигар биноҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ бомаром идома доранд.

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандустӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб менамоянд.

АКС: маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво