31 октябр 2020, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Афзоиши аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонон

417
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони нзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 cентябр маҷлиси навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» баргузор гардид, ки дар он 2 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт:
1.Қабул ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
2.Дар бораи ба танзим даровардани ҳаракати аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилоти ибтидоии «Сохтмончӣ».
Қайд гардид, ки то имрӯз ба унвони Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» аз номи кормандони сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 13 ариза ворид шудааст ва онҳо ба баррасии маҷлиси ҳизбӣ пешниҳод карда шуда, ба сафи ҳизб қабул гардиданд.
Раиси маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Окимбекова З.Ф. оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сохтмончӣ» дар давоми соли 2017 иттилоъ дода гуфт, ки ташкилот дар асоси нақшаи чорабиниҳои худ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қарорҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ роҳандозӣ намудааст.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтмончӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ эътироф карда, онро дар маҷлиси ҳизбии моҳи феврали соли 2017 мавриди омӯзиш қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҳамаҷонибаи он чораҳои зарурӣ андешид. Маҷлиси ҳизбӣ қарори дахлдори худро қабул намуда, барои иҷрои он сохторҳои ташкилоти ибтидоиро вазифадор намудааст.
Афзоиши аъзоёни ҳизб аз ҳисоби ҷавонон


Имрӯз теъдоди аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтмончӣ» ба 169 нафар расидааст. Шумораи занон дар ҳизб 45 нафар ё 27 фоиз ва ҷавонон 57 нафар ё ки 34 фоиз мебошад.
Дар робита ба ин мавзӯъ, маърӯзачӣ роҳбарони сохторҳои ташкилоти ибтидоиро хотирнишон сохт,ки дар масъалаи қабул танҳо аз пайи миқдор набояд рафт, баръакс, бештар ба сифати аъзо эътибор дода, пеш аз ҳама хоҳишмандон ва шахсоне ба сафи ҳизб ҷалб намоянд, ки маърифату маънавиёти баланд дошта бошанд ва ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ намоянд.
Окимбекова З.Ф. зикр намуд, ки маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» оғоз гардида, роҳбарони секторҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтмончӣ» вазифадор гардиданд, ки иҷрои ин супоришро таъмин намоянд.
Аёдати пиронсолону камбизоатон, маъюбону бепарасторон дар арафаи ҳар иду айём ва санаҳои ҷашнӣ аз вазифаҳои муҳими фаъолон ва аъзои ҳизб ба шумор рафта, яке аз чорабиниҳои дигари нақшавӣ мебошад, ки он ҳам низ дар сатҳи зарурӣ бо саҳмгузории ҳамаи секторҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Сохтмончӣ» мавриди иҷро дар соли 2017 қарор гирифта истодааст.
Таваҷҷӯҳи ҷиддиро аз ширкаткунандагони ҷаласа марузачӣ ба масъалаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳар як узви ҳизби ташкилоти ибтидоии «Сохтмончӣ» равон кард. Ба андеши ӯ мавзӯи муҳими дигар мусоидат ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Ҳарчанд ки аз қабули қонуни мазкур вақти муайяне гузашта бошад ҳам, мо дида истодаем, ки татбиқи он ба талабот чандон ҷавобгӯй нест. Яке аз талаботи қонуни мазкур аз он иборат аст, ки дар танзими масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд дар қатори мақомоти давлатӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ низ масъулият доранд. Бинобар ин, дар татбиқи ин қонун, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтмончӣ» низ бояд ташкилотчӣ ва намуна бошад.
Риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва доимии ташкилоти ибтидоӣ, фаъолон ва ҳар як узви ҳизбро тақозо мекунад,-изҳор намуд Окимбекова З.Ф. Дар анҷоми маърӯзаи худ ӯ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтмончӣ» даъват намуд, ки кӯшишҳои худро ба иҷрои чунин вазифаҳо сафарбар намоянд:
-барои амалӣ намудани қарорҳои Анҷуман, маҷлисҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва таҳкими мавқеи ҳизб дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода, ба беҳтар намудани ҳайати сифатии аъзоёни ҳизб тадбирҳои муассир андешад;
- дар амри татбиқ намудани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ пешсаф ва намунаи ибрат бошад;
-бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои эҳсонкорӣ бо ҷалби шумораи васеи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аёдати мунтазами маъюбону барҷомондагон ва ятимону бепарасторон ва аз рӯи имконият кӯмакҳои моддӣ расонида шавад;
-пешгирӣ ва мубориза бо раванди бегонапарастӣ, ки бо таъсири идеологияи ғайр дар мафкураи бархе аз ҷавонон ҷой гирифта истодааст, аз вазифаҳои муҳим дониста шуда, бо ин мақсад дар байни ҷавонон мунтазам сӯҳбату махфилҳо гузаронда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси меҳанпарастӣ, ифтихори миллию ватандорӣ тарбия намояд;
-фаъолияти гурӯҳи кории таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монад. Ҷиҳати ҷалби бештари фаъолзанон ба корҳои таблиғотию ташвиқотии ҳизб чораҳои мушаххас андешад.
Дар охир Маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориши муовини Раиси ташкилоти ибтидоиро «Дар бораи ба танзим даровардани ҳаракати аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ташкилоти ибтидоии «Сохтмончӣ» шунида, қарор қабул кард:
1. Раёсат ва роҳбарони секторҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти худро мувофиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба роҳ монда вазифадор карда шаванд, ки ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа кормандонро ба ободонию созандагии Ватан, ҳушёриву зиракӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастоварди таърихи навин – истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ ва сафарбар намоянд.
2. Гурӯҳи таблиғоту ташвиқот ва роҳбарони секторҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати фаҳмонидани мақсаду мароми созанда ва ҳадафҳои стратегии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати имрӯзаи Президенти мамлакат, дастовардҳои Истиқлолият, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси ифтихори миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Комиссияи кор бо занон ва ҷавонони ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти худро дар секторҳо ва ҷомеа пурзӯр намуда, кори бонизом ва самараноки комиссияро ба роҳ монад.
4.Оид ба густариши минбаъдаи фаъолияти таблиғотию тарғиботӣ, роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳбарони секторҳо вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати таъмини нақша-супориши обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» барои соли 2018 то санаи 1 октябри соли 2017 чораҳои зарурӣ андешида шавад.

5. Оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати вусъати амалияи таблиғотӣ барои таҳкими бештари нуфузи ҳизб, зиёд намудани ташаббусҳои сиёсӣ ва танзими сафи аъзоёни ҳизб, инчунин мустаҳкам намудани секторҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ «Сохтмончӣ», роҳбарони секторҳо вазифадор карда шаванд, ки дар секторҳои ташкилот ҳаракати аъзоёнро ба танзим дароварда, шахси мутассадиро оид ба иҷрои масъулиятҳои ҳизбӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста намуда, дар якҷоягӣ бо сектори дастгоҳи марказӣ ҳамкориро ба роҳ монанд.
6. Роҳбарони секторҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ то охири сол номзадҳои арзанда, бомаърифату маънавиёти баланд, ки ғояҳои созандаи ҳизбро содиқона ҷонибдорӣ менамоянд, барои қабул ба сафи ҳизб пешниҳод намоянд.
7. Аз натиҷаи иҷро ба Раёсати ташкилоти ибтидоии хизбии ҲХДТ «Сохтмончӣ» мунтазам ахборот пешниҳод карда шавад.

Д.Нурзода,
Мухбири "РБ»






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво