19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЭҶОДКОРОН

976
Мусаллам аст, ки инъикоскунандаи набзи ҳаёти ҳар кишвар бо та-моми паҳлӯҳояш маҳз эҷодкорону муаррихонанд. Сафаҳоти таърихи ҳар халқу миллат: болоравии иқтисодиёт, рушди илму техника, адабиёт, таназзул, сатҳи рӯзгори мардум, рӯҳияи онҳоро маҳз дар асарҳои эҷодокорон дармеёбем ва баҳогузорӣ мекунем. Аз маҳсули меъмору рассом ва дизайнер дарк мекунем, ки мамлакат, мардум дар ин ё он давраи таърихӣ чи рӯзгоре дошту бо чи орзуву омоле зиндагиашро пеш мебурд ва фардои кишварашро чи тарз дидан мехост.
Тамошо аз намоиши маҳсули эҷодии рассомон, дизайнерон ва меъморони касбӣ ва донишомӯзони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, ки бахшида ба ҷашнҳои муҳими сиёсии кишвар: 26-солагии Истиклолияти давлатии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Арт-галлереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд кушода шудааст ба чунин хулоса меоварад.ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЭҶОДКОРОН

Бори нахуст бо ташаббуси се иттиҳоди эҷодӣ: Иттифоқи рассомон, дизайнерон ва меъморони мамлакат чунин Намоиш дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд созмон дода шуд, ки қобили дастгирист.
Оғози Намоиши мазкур ба таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд рост омад, аз ин рӯ баробари ифтитоҳи он Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр таъкид дошт, ки дар ободии диёри азизамон саҳми одамони касбу корашон гуногун, ба вижа меъморону рассомон ва дизайнерон басо назаррас мебошад. Бо шарофати фаъолияти босамари эшон кӯчаву шаҳрамон боз ҳам ободу назаррабо, сарсабзу гулпӯш гашта, иншооти ҷолибу замонавие комат рост мекунанду мавриди истифода қарор мегиранд, ки шаҳрамонро, деҳамонро ҳусни тоза бахшида, боиси ифтихори давлату давлатдории мустақили ҳаряки мо мегардад.
Баҳром Юсуфов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ дар маросими ифтитоҳи ин Намоиш ҳарф зада, иштирокдоронро самимона табрик ва аз ҳадафи асосии чорабинӣ ёдовар шуд.
-Ватани ободу озод, зиндагии осудаву осоишта манбаи илҳоми эҷодкорон дар ҳамаи самтҳост,- иброз дошт Баҳром Юсуфов, -заҳмати талошу тараддудҳо, такопӯйҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар кишвар сулҳу субботи комил пойбарҷост ва аҳолӣ бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ баҳри ободии он дар талош асту ба фардои дурахшони кишвари азизамон эътимоди комил пайдо кардааст. Одамони касбу кори гуногун мехоҳанд мавқеи худро дар чунин ҷомеаи ором ва обод бо саҳми хеш муайян созанд. Деҳқон дар талоши фаровонии дастархони мардум асту олим ҷиҳати навоварӣ баҳри рушди иқтисодӣ ва эҷодкор васф мекунаду шеъру тарона мегӯяд, дигаре асари рассомӣ меофарад ва сеюмӣ лоиҳаи иншоотро рӯи коғаз мекашад. Яъне рангорангии ҷомеа аз рангорангии касбу кор аст.
ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЭҶОДКОРОН
Ба намоиш асарҳои зиёди рассомон, меъморон ва дизайнерҳо гузошта шудаанд, ки аз мазӯҳои гуногун иборатанд ва бинандаро ба андеша водор месозанд.
Бо роҳбаладии санъатшинос Далер Усмонов нахуст бо толори асарҳои рассомон шинос шудам. Чи рангину гуворост дунёи рассом, аз зебоии манзараҳои табиати кишвари азиз ба ваҷд меоед ва ба муаллифи асар таҳсин мегӯед, ки он қадар воқеабинона мавзеҳои зебои диёрро таҷассум кардааст. Маҳсули мӯқалами рассомон Акмал Мӯъминов, Носирбек Назрибеков, Алишер Зокиров мавзӯҳои гунонунро дарбар гирифта, басо самимона, аз ҳаёти кӯҳнавард, дунёи мусиқанавоз нақл мекунанд.
Офаридаҳои санъати қадимии кандакорӣ низ аз ҷониби эҷодкорони ҷавони даврони истиқлол ҷолиб ва хотирмон буда, аз он изҳори қаноатмандӣ мекунед, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ҳунарҳои қадимии ниёгон пурра аз нав эҳё мегарданд.
Имрӯз рӯзгори худро бе фаъолияти ороишгарон-дизайнерҳо тасаввур наметавон кард. Фаъолияти онҳо фарогири тамоми паҳлӯҳои рӯзгору зиндагии мост: чи тавр мепӯшему дар куҷо зиндагӣ дорем. Бинои зисти мову ҷои кори мо чи намуд дошта бошаду чи ранге? Офаридаҳои дизайнер Сӯҳроб Рустамов: Ороиши меҳмонхона дар шаҳри Душанбе, ороиши «Кохи Ваҳдат», бинои «Фароз», нонпазхонаи «Кадбону» хеле ҷолибу нотакрор ба назар мерасанд.
ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ЭҶОДКОРОНЯке аз толорҳои Артгалерреяи «Сомониён» пурра ба санъати меъморӣ бахшида шудааст.Дар даврони соҳибистиқлолӣ тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз обод шуда, дар давоми 26 соли истиқлолият он қадар иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бешумор аст. Ва авҷи созандагӣ ҳамоно идома дорад. Меъморони кишвар бо илҳом аз иқдомҳои созандагии мардум лоиҳаҳои иншоотеро меофаранд, ки аз лиҳози тахаюлоти эҷодии рангин, афсонавӣ падидор мешавад. Табиист, ки ин ҳолат аз озодии муҳити зист, оромии кишвар дарак медиҳад. Чандин офаридаҳои меъморони ҶДММ «Суғдшаҳрофар», ки ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд, диққатҷалбкунанда мебошанд. Лоиҳаҳои меъморони ин корхона Равшан Собиров, Фирдавс Машарипов, С.Муҳаммедов, ки офаридаанд иншооти хеле гуногунро фарогир буда, басо замонавӣ ва ҷолиб намоён мешаванд.
Тамошои наздик аз асарҳои офаридаи эҷодкорони Намоиши мазкур бинандаро ба олами рангини фардои дурахшони кишвар мебарад. Ба фардои мусаффо ва зебои кишвар, зиндагии ширину боз ҳам гуворо эътимоди комил пайдо мекунед. Боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки Тоҷикистон-ватани азизи мову шуморо шукуфоӣ, сарсабзӣ ва ободӣ дар пеш аст.
Намоиш дар Артгаллереяи «Сомониён» як ҳафта идома ёфта, садҳо нафар шаҳриёну меҳмонони ватаниву хориҷӣ метавонанд аз тамошои он баҳра гиранд.
Ҷовиди Аштӣ,
"РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво