29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба зуҳуроти номатлуб роҳ надиҳем

987
Ба зуҳуроти номатлуб роҳ надиҳем

Коррупсия ба мисли таърих қадима буда, яке аз умдатарин масъалаҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ ба шумор меравад. Он як амали дур аз ахлоқ буда, тобиши ҷиноятомез дорад. Аз байн бурдан ва решакан кардани он имрӯз вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст.
Тибқи «Нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2016-2018» кормандони шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод ва Турсунзода Шодком Худоймурод бо мақсади коҳиш додани ин раванд бо доираи васеи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода Абдукарим дар сухани ифтитоҳии худ ёдовар шуд, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013 таҳти №1505 ва бо мақсади таъмини иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ аз 19 январи соли 2016 таҳти №4\ф ва «Нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2016-2018» аз 10 феврали соли 2016 тасдиқ карда шудааст. Амалигардонӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз тарафи корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита нақшаи дохилиидоравии иҷрои чорабиниҳо қабул шуда, аз натиҷаҳои он маълумот пешниҳод карда мешавад.
Чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар фаъолияти ҳамарӯза ҷорӣ карда шуда, назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ тамин карда мешавад. Пардохти музди меҳнат, ҷубронпулӣ, андоз, хариди лавозимоти коргузорӣ ва ҷамъ намудани маблағҳо оид ба хизматрасонӣ дар корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита ҷиҳати таъмини пурраи воридоти андозҳо ба буҷет таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.
Хадафи асосии баргузории ҷаласаи мазкурро Абдуалимзода дар тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда унвон кард.Ба зуҳуроти номатлуб роҳ надиҳем

Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора дар бораи натиҷаҳои тафтишоти Агентӣ дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот дода, аз ҷумла чунин гуфт:
-Санҷиш муайян кард, ки дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тадбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст.
Аз ҷумла, баҳри иҷроиши банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои Стратегия аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқ бо фармоишҳои Раиси Кумита таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Вобаста ба иҷроиши талаботи банди 1-и Нақшаи чорабиниҳои тадбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва банди 3-и Нақша чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини асосҳои ташкилии хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги Барномаи идоравӣ ва Нақшаи чорабиниҳои идоравии зиддикоррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо ҷиҳати амалӣ намудани талаботи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия дар мақомоти давлатӣ муайян кардани сохтори назорати дохилӣ ва воҳиди кории он, ки фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеи онро дар самти иҷроиши Стратегия амалӣ намуда, иҷроиши онро назорат менамояд, иҷро нагардида, сохтори назорати дохилӣ ва шахси масъул ё воҳиди корӣ муқаррар карда нашудааст. Аз ин рӯ зарур аст, ки баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои дар Стратегия пешбинишуда, иҷроиши ин банд дар Кумита таъмин карда шавад.
Кормандони сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия доданд, ки барои дуруст ба роҳ мондани назорат дар мақомот оид ба тамини иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» шахси мутасаддӣ таъин ва кор дар самти муқовимат бо коррупсия ҷоннок карда шавад.Ба зуҳуроти номатлуб роҳ надиҳем

Ҷиҳати роҳ надодан ба пайдоиши омилҳои коррупсионӣ дар соҳа чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, таҳлили интихобии хавфи коррупсия дар сохторҳои эҳтимолияти афзоиши хавфи коррупсия гузаронида, иҷрои бандҳои дахлдори Нақши чорабиниҳои тадбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ба пуррагӣ таъмин карда шаванд.
Дар анҷоми ҷаласа Абдуалимзода А. таъкид намуд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ, амалӣ намудани асосҳои пешгирӣ, ошкор ва барҳам задани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ тадбирҳои зарурӣ мендешанд.
Д.Нурзода,
«РБ»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво