23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе: қабули кӯдакон ба синфи якум дар муассисаҳои таълимии пойтахт тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст

525
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе: қабули кӯдакон ба синфи якум дар муассисаҳои таълимии пойтахт тариқи ройгон ба роҳ монда шудаастСарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки қабули кӯдакон ба синфи якуми гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба роҳ монда мешавад.

«Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод кунанд»,- гуфт ӯ.

Мавсф илова намуд, ки «тибқи банди 4 моддаи 16 Қонуни болозикр ва банди 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 тасдиқ шудааст, кӯдакони 7-сола ва онҳое, ки то охири моҳи декабр 7-сола мешаванд, ба синфи якум қабул карда мешаванд. Яъне имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад».

Ёдовар мешавем, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар шаҳри Душанбе 30 ҳазору 651 нафар хонандагон ба синфи 1 қадам гузошта буданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво