23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сохтмони зиёда аз 49 хонаи истиқоматии баландошёнаи замонавӣ ҷараён дорад

159
Бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён доранд. Дар айни замон дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 49 хонаи истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодаанд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шариф Самӣ 21 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Шариф Самӣ иброз дошт, ки бо мақсади ободонию созандагӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон ва шахсони алоҳида ҳамкории зичу пайваста ба роҳ мондааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 18 ҳазору 897 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии баландошёна ба истифода дода шудаанд.

«Дар шаш моҳи соли 2022 21 ҳолати ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар масоҳати 2400 метри мурабаъ ошкор карда шуда, сохтмонҳои ғайриқонунӣ бартараф карда шудаанд»,- гуфт Раиси ноҳия.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво