Вохӯрии навбатии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад![]() ![]() Сарони давлатҳо ҳамчунин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба муддати се сол таъйин шуда буданд. Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар асоси қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз 4 январи соли 1993 дар шаҳри Тошканд таъсис дода шуд. Мақсади он беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Раёсат дар ин Фонд аз Туркманистон, ки солҳои 2017-2019 онро бар дӯш дошт, ба Тоҷикистон гузашт. АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |