Дар шаҳри Чолпон-Ота Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷараён дорад
244
Тавре қаблан хабар додем, 21 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл меҳмони олиқадр — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров самимона истиқбол гирифт. Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ баимзорасии якчанд санадҳо дар назар аст. Дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доранд. АМИТ «Ховар» дар бораи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баъд аз анҷоми он маълумоти муфассал манзур менамояд. АКС: t.me/bort_01
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |