28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳо таъсис меёбад

196
Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳо таъсис меёбадДар соли нави таҳсили 2022-2023 Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасмим гирифтааст, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис диҳад ва ба ин васила теъдоди дастаҳои олимпиадавӣ ва озмуниро зиёд намояд. Дар ин бора Ректори Донишкада Ҷило Гулназарзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳори назар намуд.

Ӯ гуфт, донишкада дар самти омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир кӯшиш намуда, дар оянда роҳандозии ихтисосҳои навро ба нақша гирифтааст.

Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

Дар айни замон таваҷҷуҳи довталабон бештар ба ихтисоси филологияи тоҷик, забони олмонӣ ва забони англисӣ равона гардидааст.

Сарвари муассиса изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии самти таълим ноил гардидан ба сатҳи баланди азхудкунии дониш мебошад. Натиҷаи даври фаъоли сессияи имтиҳонии тобистона нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунӣ 82 фоизро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада 10,4 фоиз баландтар аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво