28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

225
21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии «Тоҷикстандарт», КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд21 июл Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон баргузор мешавад.

КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, ошёнаи 2) доир менамояд.

Агентии «Тоҷикстандарт» соати 11:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ барпо менамояд.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ соати 09:00 ва Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо доир мешаванд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво