6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Тошканд иштирок дорад

232
Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Тошканд иштирок дорадРушди соҳаи саноат имрӯз, 15 июл дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тошканд баррасӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ ва ҷаласаи VIII Шӯрои сиёсати саноатии ИДМ иштирок дорад.

Дар ҷаласаҳо ҳамчунин вазирони саноати Ҳиндустон, Покистон, муовинони вазирҳои марбутаи Қазоқистон, Русия, Чин, Беларус, Дабири кулли СҲШ Чжан Мин, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Илҳомҷон Неъматов ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Русияву Қазоқистон ширкат менамоянд.

Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Тошканд иштирок дорад


Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъда ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи ин созмонҳои бисёрҷониба ба манфиати рушди саноат, таъмини рушди устувори истеҳсолоти саноатӣ дар заминаи ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ҷалби захираҳои моддию молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва гуногун намудани маҳсулоти саноатиро баррасӣ менамоянд.

Шералӣ Кабир дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ дар Тошканд иштирок дорад


ДАР АКС: Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон С. Умурзоқов. Апрели 2022.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа як қатор санадҳои муҳиме, ки ба рушди соҳаҳои кишварҳои СҲШ ва ИДМ нигаронида шудаанд, тасдиқ гарданд. Аз ҷумла, қарор аст, вазирони кишварҳои узви СҲШ тарҳи «Барномаи ҳавасмандгардонии ҳамкории саноатӣ миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳои узви СҲШ»-ро қабул намоянд. Барномаи мазкур дар нимаи моҳи сентябр дар ҷаласаи сарони давлатҳои Созмон, ки дар Самарқанд доир мегардад, тасдиқ хоҳад шуд.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки санади ба ин монанд дар ҷаласаи вазирони саноати кишварҳои узви ИДМ тасвиб хоҳад гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи қаблӣ 16 июли соли 2021 дар Душанбе баргузор шуда буд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво