24 июн 2021, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

«ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ…». 8 сентябр — Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон таҷлил мегардад

913
«ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ…». 8 сентябр — Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон таҷлил мегардад
Бо қарори Конгресси 4-уми Созмони байналмилалии журналистон аз соли 1958 инҷониб 8 сентябр чун Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ки интихоби ин сана ба ҳаёт ва фаъолияти шоир, журналист ва публитсисти зиддифашизми чех Юлиус Фучик рабт дорад.

Ба андешаи муассисони ин сана, рӯзноманигорони тамоми кишварҳои ҷаҳон дар маҳфилу нишастҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бояд дар амри дифоъ аз ҳуқуқҳои касбӣ табодули афкор намоянд, сабақу таҷрибаи ҳосилшударо дар роҳи талошу пайкор баҳри таъсиргузорӣ ба равандҳои рушди босубот, озодию ободии ҷомеа бо ҳам бубинанд, барои устувор гардонидани нақш ва мавқеи журналистикаи хушсифат ҳамраъйии хешро изҳор доранд.

Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз аз рӯз шадидтар мешавад, аз ҷомеаи журналистӣ ҳамраъйии бештари касбӣ тақозо мешавад. Ҳамагон бояд дарк намоем, ки айни замон идеология ба силоҳи асосии мубориза табдил ёфта, аксар вақт аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ва кишварҳои манфиатдор ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразнок низ истифода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муназзами ВАО тамоми шароитро фароҳам сохтааст, дар ин замина теъдоди расонаҳои хабарӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар айни ҳол дар кишвар 551 рӯзномаву маҷалла, 52 нашриёт ва 275 матбаа фаъолият доранд, ки аксарияти онҳо, аниқтараш 244 рӯзнома, 181 маҷалла, 42 нашриёт ва 253 чопхона ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд. Мусаллам аст, ки матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва инъикосгари масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад.

Олим СалимзодаДар робита ба вазъи қонунгузории миллӣ ва озодии матбуоти даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода иброз намуд: «Дар муқоиса ба кишварҳои Осиёи Миёна дар Тоҷикистон барои озодии матбуот ва баёни андеша заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳаманд. Озодии матбуот ва сухан аз моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, таъмин намудани онро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ноширӣ ва полиграфӣ» кафолат медиҳанд. Журналистони давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон имрӯз фаъоланд ва то ҳадди имкон ҷомеаро бо иттилооти саривақтӣ таъмин карда истодаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи расонаҳои хабарии мустақил хеле афзуд ва аз лиҳози миқдор ҳоло онҳо нисбат ба расонаҳои хабарии ҳукуматӣ ба маротиб зиёданд, ки нишонаи барҷастаи мавҷудияти гуногунандешӣ ва озодии баён дониста мешаванд. «Ин, албатта, хуб аст, зеро фаъолияти озоди ВАО яке аз нишонаҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар яке аз ин расонаҳо ба таври худ фазои иттилоотии мамлакатро пур карда, дар инъикоси равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ҳиссаи хешро мегузоранд»,-илова намуд Олим Салимзода.

Номбурда вобаста ба ҳамраъйии рӯзноманигорон зикр намуд, ки ҳамраъйии воқеии касбӣ дар заминаи муҳимтарини он-пайравӣ аз усулҳои бунёдии журналистика, ба мисли ҳақиқатнигорӣ, воқеъбинӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ бояд асос ёбад. Ба ин маънӣ, падидаҳои ҳамраъйии журналистони тоҷик дар инъикосу баррасии бештари масоили доғи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ боиси сутуданист. Ҳамраъйии журналистон дар муттаҳид кардани тамоми қувваҳои солими ҷомеа, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи демократӣ, инкишоф додани иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии давлати тозаистиқлоли мо баръало эҳсос мешавад. Ба андешаи Олим Салимзода, ки худ низ фаъолияти меҳнатиашро аз кори рӯзноманигорӣ оғоз кардааст, аҳли қалам бояд ҳамеша дар ин самтҳои муҳим ҳамраъй ва мададрасону пуштибони якдигар бошанд. Агар миёни рӯзноманигорон ҳамраъйӣ набошад, табодули иттилоъ миёни кишварҳо низ сурат намегирад.

Воқеан ҳам дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаю масъулияти ВАО бамаротиб зиёд гардидааст. Журналистони тоҷик бояд дар масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, тарғиби андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он, ки рисолати муҳими ВАО ба шумор меравад, ҳамраъйии худро иброз доранд.

«Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвасти матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад. Бинобарин, ҳамораъйиву ҳамдилии ҳамкасбони мо хуб аст. — мегӯяд Олим Салимзода.

Ё тавре Ҷалолиддини Балхии Румӣ фармудааст: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст».






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво