23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бунёди майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкори махаллӣ

778
Бахшида ба Соли ҷавонон дар маркази ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнон майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Акнун ҷавонони ин ҷамоат имкон пайдо карданд, ки ҳам тамрин намоянд ва ҳам аз намудҳои мухталифи варзишӣ, ба мисли баскетболу волейбол, тӯби дастию гӯштин мусобиқа баргузор намоянд. Соҳибкори маҳаллӣ Гуламадшо Шосафедов гуфт, ки аксарияти ҷавонони деҳот ба варзиш майлу рағбати зиёд доранд, аммо барои машқу бозӣ ҷои муносиб надоштанд.

Дар давоми ду моҳ майдонча бо қувваи ҷавонон бунёд гардид. Он дорои бештар аз ду ҳазор ҷои нишаст буда, бо таҷҳизоти зурурии варзишӣ таъмин карда шуд.

Тавре Хусравбек Шакарбеков, сокини деҳа гуфт, «акнун дар ин майдончаи варзишӣ на танҳо мусобиқаҳои варзиширо байни ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор кардан мумкин аст, балки сокинони ҷамоат метавонанд ҷашну маросимҳои давлатию миллиро низ дар ин ҷо ботантана доир намоянд».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво