4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Менеҷери ширкати «Зигана – тур»: роҳхатҳои сайёҳӣ ба Туркия 50% гарон шудааст

520
Роҳхатҳои сайёҳӣ ба Туркия дар қиёс бо соли гузашта ба ҳисоби миёна 50% гарон шудаанд, гуфт менҷери ширкати сайёҳии “Зигана тур” Саъдӣ Саидов ба хабарнигори АМИТ “Ховар”.

Бино ба суханони ӯ, ин ба якбора баланд гардидани нархи парвозҳо бастагӣ дорад: ҳавопаймоҳо бояд масирро баъди пандемия барқарор мекарданд. Инчунин қурби асъор низ таъсири худро расонид: арзиши лираи Туркия якбора дар муқобили доллар поён рафт.

Саъдӣ Саидов илова кард, ки ширкати «Зигана –Тур» 10 сол боз дар бозори сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти содиротӣ дошта, шаҳрвандони мамлакатро асосан ба кишварҳои Аврупо, Шарқи Наздик ва Туркия барои сайру сайёҳат, тиҷорат ва зиёрати маконҳои муқаддаси мусулмонон мебарад. Шаҳрвандони мо асосан барои истироҳат дар мавсими тобистон ба шаҳрҳои Истанбул ва Анталияи Туркия мераванд.

“Назар ба солҳои пешин нархи чипта албатта қиммат шудааст,- мегӯяд Саъдӣ Саидов. Корманди ширкати «Зигана-Тур» баланд гардидани нархи роҳхати сайёҳиро дар таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар рабт дод. Зикр кард, ки нархи миёнаи сафар барои истироҳат ба Туркия дар соли равон тақрибан барои як нафар 800-900 $ -ро ташкил медиҳад, ки ба ин маблағ нархи чиптаи ҳавопаймо (рафту бозгашт), иқомат дар меҳмонхона ва хӯрока дохил аст.

Инчунин нархи роҳхатҳо ба сатҳи хизматрасонӣ ва иқомат дар меҳмонхонаҳо (панҷситорадор, чорситорадор ва сеситорадор ва ғайра) низ вобаста аст. Намояндаи ширкати «Зигана –Тур» меафзояд, ки солҳои баъди пандемия сафари сайёҳон-шаҳрвандони кишварамон ба давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Туркия ва кишварҳои Шарқи Наздик, бахусус Амороти Муттаҳидаи Араб афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон корманди масъули яке аз ширкатҳои муваффақи ватанӣ — «Роҳат-тур» мегӯяд, ки соли равон бештар мо ба Тоҷикистон сайёҳони хориҷиро қабул намудем, ки қариб 90 фоизи онҳоро шаҳрвандони Русия ташкил доданд. Онҳо асосан ба тамошои манзараҳои зебою нотакрори табиати Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон ва манзараҳои ҷолиби «Искандаркӯл», «Ҳафткӯл» ва шаҳри қадимаи Саразм омада буданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ “Ховар”

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво