25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Равшан» пас аз бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад

144
«Равшан» пас аз бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад3-5 июли соли равон бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, холҳояшро ба 19 расонд ва ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқа баромад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Голҳоро дар ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Абдухалил Боронов ва Шодиҷон Муродов ба нишон расониданд. Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ягон гол зада нашуд — 0:0.

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар бозии хонагӣ аз дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 27 Фатҳулло Фатҳуллоев аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард (1:1). Дар нимаи дуюми дидори дастаҳо бозингарони дастаи «Истиқлол» Муҳаммадҷон Раҳимов ва Ислом Зоиров ду гол зада, ғалабаи тимашонро таъмин намуданд.

Дар бозии дигар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе аз дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Артишиҳо тавассути Абдулло Шарипов дар дақиқаи 73 ҳисобро кушоданд. Вале ба голи зада ӯ бозингарони дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Алишер Холмуродов ва Артур Боугнон бо ду гол ҷавоб доданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Голи ягонаро Далер Ёдгоров ба номаш сабт кард.

Ҳамакнун пас аз танаффуси тобистона, ки то моҳи август идома меёбад, бозиҳои даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон идома меёбанд. Дар ин миён равзанаи гузариши футболбозон кушода мешавад ва дастаҳо метавонанд, ки аз лиҳози ҳайат худро пурқувват кунанд.

«Равшан» пас аз бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад


Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво