25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Муъминобод ҳосил фаровон буда, коркарди мева ривоҷ меёбад

149
Дар Муъминобод ҳосил фаровон буда, коркарди мева ривоҷ меёбадКишоварзони ноҳияи Муъминобод бештар ба соҳаи боғу токпарварӣ машғул буда, ҳамасола боғҳои нав бунёд менамоянд. Дар ноҳия садҳо гектар боғ мавҷуд буда, дар онҳо себ, зардолу, олуча, гелос, шафтолу, нок ва дигар навъҳои мевагӣ парвариш меёбанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Имсол ҳосилнокии меваҳо нисбат ба солҳои қабли ду баробар афзуда, дар бозор ва мағозаҳо бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шуданд. Масалан, нархи 1 кг гелос аз 13 сомонӣ ба 5 сомонӣ, нархи 1 кг олу аз 8 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ, 1 кг зардолу аз 4 сомонӣ ба 2 сомонӣ поин фаромад, ки аҳолии ноҳия тавонистанд бемамоният аз ин меваҳо истифода бурда, консерваҳои хонагӣ тайёр намоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Абдуқаҳор» дар майдони 4 гектар боғ бунёд намудааст. Деҳқонон дар байни қатори дарахтон юнучқа корида, онро дарав мекунанд ва барои чорвои хоҷагиашон захира менамоянд.

Роҳбари хоҷагии мазкур Шамсиддин Маҷидов иттилоъ дод, ки имсол дар ноҳияи Муъминобод мева хеле фаровон буда, онҳо бо корхонаҳои коркарди мева шартнома бастаанд. Яке аз онҳо корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии холиси ҶДММ «Заркорон» мебошад, ки соли 2019 бо иштироки Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.

Айни замон корхона дар се баст фаъолият дошта, меваю сабзавоти кишоварзонро коркард ва банду баст менамояд. Ҳоло дар ин сех аз меваҳои шаҳдбори маҳаллӣ нӯшобаю афшура ва дигар намуди консерваҳо истеҳсол карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво