16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сохтмони марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ба анҷом расид

133
Сохтмони марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ба анҷом расидИмрӯз маросими баистифодадиҳии марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, ки дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст, баргузор гардид. Маркази мазкур дар доираи лоиҳаи муштаракаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои САҲА дар Душанбе ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо сохта ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии марҳалаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, моҳи июни соли равон хотима ёфтанд. Дар марҳилаи якуми сохтмон меҳмонхона барои 120 нафар, ошхона барои 80 нафар, хонаи қабули волидайни сарбозон, нуқтаи назораи гузаргоҳ бунёд гардида, корҳои барқтаминкунӣ, обтаъминкунӣ ва системаи гармидиҳӣ ба анҷом расиданд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани машқҳои наҷотдиҳӣ ва истифодаи хизматӣ як адад ҳавопаймо ва чархбол ҷудо гардидааст.

Дар маросими тантанавӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари Барномаи САҲА дар Душанбе Вуж Жугич, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йозефсон, инчунин сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сохтмони марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ба анҷом расид


Зикр шуд, ки Марказ барои омода намудани наҷотдиҳандагон, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии онҳо, инчунин омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳон дар самти огоҳӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, расонидани ёрӣ ба аҳолии зери хавфмонда мусоидат менамояд.

Рустам Назарзода иброз дошт, ки маркази мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, барои омода намудани наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, такмили донишҳои касбӣ ва бозомомӯзии онҳо кӯмак мерасонад.

«Ин Марказ ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии наҷотдиҳандагон, ба роҳ мондани машқҳои мунтазами наҷотдиҳӣ, омода намудани мутахассисони нав ба хизмат қабулгардида, ҷузъу томҳои Хадамоти наҷотдиҳӣ ва омода намудани мутахассисони давлатҳои ҳамшарики ҳамсоя бо мақсади ба роҳ мондани амалиётҳои муштараки наҷотдиҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад», — илова кард Раиси Кумита.

Сохтмони марҳилаи якуми бинои Маркази миллии тамринӣ оид ба омода намудани наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ба анҷом расид


Дар маркази мазкур наҷотдиҳандагон дар самти бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта, ба монанди заминларза, тармафароӣ, сангрезӣ, кӯҳнавардӣ ва наҷотдиҳандагон оид ба корҳои рӯи обиву зериобӣ омода карда шуда, ҳамзамон такмили донишҳои касбӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузаронидани тамринҳо ва омода намудани наҷотдиҳандагони ҷамъиятиву ихтиёрӣ дар вазорату идораҳо ва мақомоти худидоракуни маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ба инобат гирифта мешавад.

Вуж Жугич барои ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки САҲА минбаъд низ муносиботи худро бо Кумита дар самти коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ идома медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво