19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад

187
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳадДастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Узбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

14, 15 ва 17 июл дар Ҷиззах бозиҳои дӯстона миёни футзалбозони Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дастаи футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов 7 июл дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои миллии Баҳрайн (27 сентябр), Узбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво