29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қадрдонии кормандони Кумита бо мукофотҳои давлатӣ

2472
Дирӯз ба истиқболи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Қадрдонии кормандони Кумита бо мукофотҳои давлатӣ

Раиси Кумита Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол сараввал ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархундаю таърихӣ табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик, ба хусус кормандони мақомоти давлатӣ вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёр, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошанд.Қадрдонии кормандони Кумита бо мукофотҳои давлатӣ

Боиси қаноатмандӣ аст, ки тайи ин давра ба як қатор дастовардҳое ноил гардидем, ки аз дурустии сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Ҷашни бузурги миллӣ, яъне солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва волотарину боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад.
Боварӣ дорам, ки бо шукрона аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ ҳисси муҳаббат ва садоқат меъморон ва сохтмончиёни ҷумҳурӣ барои пешрафти Ватани азизу маҳбубамон, сарзамини муқаддаси аҷдодиамон ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни таърихӣ азму талоши худро дареғ намедоранд,- афзуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба истиқболи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти самараноки меҳнатӣ ба Табарова Дилбар Нуровна - сармуҳаррири муассисаи давлатии “Рӯзномаи бинокорон”- и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамчунин 25-уми август Сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Саъдуллозода Сӯҳроб Файзалӣ бо нишони “Хизмати шоиста” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво