28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ гардид

485
Дар Душанбе масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ гардидДар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раиси Комиссия Зариф Ализода доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Душанбе масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баррасӣ гардид
Дар ҷаласа муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми МҚД/МТ/МПСҚО» маълумот пешниҳод гардид.

Зикр шуд, ки гарчанде аз ҷониби мақомоти марбутаи кишвар қисмате аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои зикршуда иҷро шуда бошанд ҳам, аммо вазорату идораҳои дахлдорро лозим аст ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои вобастаи самти худ пайваста чораҷӯӣ намоянд.


Дар ҷаласаи Комиссия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар таҳрири нав муҳокима гардида, зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ унвонии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Роҳбари Комиссия дар таҳрири нав таҳия намудани қонуни мазкурро бо назардошти ба инобат гирифтани тавсияҳои ФАТФ яке аз афзалиятҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, гуфт, ки қабули санади соҳавии МҚД/МТ/МПСҚО барои таҳкими низоми зикршуда ва рушди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Зариф Ализода дар идомаи чорабинӣ баргузории ҷаласаи 37-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ёдрас шуда, барои саривақт иҷро намудани масъалаҳои вогузоршудаи самти МҚД/МТ/МПСҚО ба аъзои Комиссия — намояндагони вазорату идораҳои кишвар таъкид намуд.

Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 таъсис дода шудааст.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво