19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТӮҲФАИ ИДОНАИ БИНОКОРОН

2026
Дар арафаи тачлили 26 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли хониш аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» бо роҳбарии директор Манучеҳр Ҷамилзода дар деҳаҳои Ёли Гармоба, Саидони нав ва Ҳакимии ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ду муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда, зеристгоҳи 110 /10 кв ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тавре аз Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун хабар доданд, ин аввалин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Ёли Гармоба аст. Дар асоси таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони деҳаҳои навбунёд бо тамоми шароити арзандаи зиндагӣ таъмин мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонии мактаб аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Босафо-19» моҳи апрели соли 2016 оғоз гардида, он туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва оғози соли нави хониш барои толибилмон мебошад. Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, дорои толори варзишӣ барои 100 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ барои 216 ҷои нишаст, китобхона, 15 синфхона, ошхона ва майдони варзишӣ мебошад. Тамоми синфхонаҳо, аз ҷумла, кабинети физика, химия, лингафонӣ, биология, лабораторияҳо бо тамоми шароит таъмин мебошанд. Ба ғайр аз синфхонаҳои фаннӣ ҳамзамон ду адад синфхонаи таълими меҳнат барои духтарон ва писарон таъсис ёфтаааст.

То инҷониб барои аксар сокиноне, ки аз минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун ба деҳаҳои Ёли Гармоба ва Саидони нав кӯчидаанд, хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми шароит, мактаби замонавӣ, бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Бунгоҳи тиббӣ дорои тамоми шароити хизматрасонӣ буда, дар як рӯз имкони қабули 25 нафарро дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33Ҳамчунин дар деҳаи Саидони нави Ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун бинои муосири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ошёнаи якуми мактаб толори варзишӣ барои 80 ҷои нишаст, синфхонаҳои ибтидоӣ ва ошхона барои 36 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Дар қабати дуюми бино синфхонаҳои лаборатории физика, химия, биология, синфхонаи харбӣ ва маҷлисгоҳу китобхона ҷой дода шудаанд.

Ҳамчунин дар бинои мазкур 13 синфхона, 4 лаборатория ва ошхона барои 36 ҷои нишаст мавриди иcтифода қарор гирифт.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» дар кӯчонидани сокинони минтақаи зериобшаванда, ҷобаҷогузорӣ ва таъмини шароити арзанда ба онҳо тадбирҳои заруриро сари вақт ва дар муҳлати муайяншуда анҷом медиҳанд.

Зеристгоҳи нави 11010 КВ-и ҲакимӣБо мавриди истифода карор гирифтани Зеристгоҳи нави 110/10 кв-и Ҳакимӣ дар деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ бо барқ таъмин мешаванд. Зеристгоҳи мазкур бо мақсади дар оянда зери об мондани зеристгоҳи 35/10 кв-и деҳаи Чорсада ба Ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод кӯчонида шуд, ки он имкон дорад 26 деҳаро бо барқ таъмин намояд.

То инҷониб барои таъмини деҳаҳои навбунёд бо барқ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, дар ин муддат аз зеристгоҳи Ҳакимӣ то ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ҳудуди ноҳия наздики 8 километр хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст. Барои таъмини ҳамаҷонибаи аҳолӣ бо барқ дар зеристгоҳи мазкур ду адад трансформатор бо иқтидори 6 ҳазору 300 кв насб гардидааст. Тавре иттилоъ дода шуд, зеристгоҳи мазкур ҳамзамон 3 деҳоти ноҳияи Нуробод ва як қисмати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғунро бо барқ таъмин менамояд. Бо бунёди ду муассисаи нави таълимӣ барои 640 хонанда, бунгоҳи тиббӣ ва зеристгоҳи 110/10 бештари сокинони деҳаҳои навбунёд бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, ин раванд дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум замина мегузорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво