23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҲХДТ номзадашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ намуд

100
ҲХДТ номзадашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ намуд 23 июн Конференсияи якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фирдавсӣ №1 баргузор шуд. Дар конференсия номзадии Маҳмадалӣ Қурбонзода аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ гардид.

Тавре дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вобаста ба масъалаи рӯзномаи конференсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода оид ба ҳаёт ва фаъолияти кории номзади пешбаришаванда Маҳмадалӣ Қурбонзода маълумот дод.

Тибқи моддаи 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандата аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ тавассути конференсияҳои онҳо сурат мегирад.

Дар конференсия номзадии Маҳмадалӣ Қурбонзода аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаии Фирдавсӣ №1 пешбарӣ гардида, ба тариқи пинҳонӣ райъи худро доданд.

Инчунин дар кори конференсия аз тарафи мақомоти болоии ҲХДТ дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таъйин намудани Гулчеҳра Ғанизода муаррифӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022 дар бораи таъйин кардани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 ба тавсиб расид.

Хотиррасон мешавем, ки 14 августи соли 2022 дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда баргузор мегардад.

АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво