29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт

2684
Ба ифтихори таҷлил аз 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш»-и ноҳияи Сино мавриди истифода қарор гирифт.

Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, барои донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар соли нави хониш тухфаи арзанда мебошад.

Лоиҳаи маҷмааи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҳмадҷон — Ҳулбук» тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Солеҳ ва компания», Корхонаи воҳиди давлатии «Академстрой» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваханд» амалӣ намудаанд. Дар маҷмӯъ, барои бунёди иншооти мазкур беш аз 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Дар Душанбе Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт

Маҷмааи нав аз 2 бинои таълимӣ — биноҳои А ва В иборат буда, дар панҷ ошёна ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхона бо толор ва 13 ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм китобхонаи электронӣ бо 90 ва толори хурди хониш бо 170 ҷойи нишаст, дар ошёнаи сеюм кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ, 8 ҳуҷраи дарсӣ, ташхисгоҳ, толори калони хониш бо 310 ҷойи нишаст, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, ҳуҷраҳои акушерӣ-назорати камераҳои мушоҳидавӣ, гинекологӣ, бемориҳои кӯдакона, эҳёгарӣ, кори ҳамширагӣ, анатомияю мултимедия ва бемориҳои дарунӣ ҷойгир мебошанд. Инчунин дар ошёнаи чорум кафедраи биологияи тиббӣ ва асосҳои генетика, ҳуҷраҳои устодон, мудирони кафедра ва толори хониш барои 220 ҷойи нишаст, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ иборат аз 3 ҳуҷраи амали ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои шикастабандӣ, бемориҳои чашм, гулӯ, гӯшу бинӣ, дандон, толори лексионӣ бо 250 ҷойи нишаст ва 12 ҳуҷраи ёрирасон ҷойгиранд.

Зимни суҳбат бо аҳли донишгоҳ Сарвазири мамлакат ифтитоҳи боз як маҷмааи таълимиро ба устодону муҳассилин табрик гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва хизмати содиқона ба нафъи мардум ҳидоят кард.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва ҳар сол бунёду ифтитоҳи беш аз 200 таълимгоҳи замонавӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Дар бинои В-и маҷмаа боғи зимистона барои гузаронидани дарсу таҷрибаҳои гуногун, кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ иборат аз 10 ҳуҷраи дарсӣ (аз ҷумла, ду кабинети лингофонӣ) бо 250 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои мудири кафедра ва устодон, нигоҳдории маводи таълимӣ ва хоҷагӣ ҷойгир мебошанд. Дар кафедра 38 адад компютер ва 2 адад телевизор насб шудаанд.

Ба Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ бинои нави таълимии донишгоҳ дорои 79 ҳуҷраи дарсиву корӣ, 5 толори хурду калони муҷаҳҳаз бо 345 адад компютер ва таҷҳизоти технологӣ, тахтаҳои электронӣ, бештар аз 80 адад камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои наву ҳозиразамон, монитору банерҳои фанниву умумӣ, муляжу маникен буда, аз 1920 ҷойи нишаст иборат аст.

Масоҳати лоиҳавии маҷмааи таълимӣ 9400 метри мураббаъро ташкил дода, 6156 метри мураббаи он масоҳати таълимӣ буда, дар 2680 метри мураббаъ гулгашту роҳравҳо ҷойгир шудаанд.

Дар Маҷмааи нави таълимӣ барои сабақомӯзӣ ва корҳои амалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо дарсҳои назариявӣ, балки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ анҷом диҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво