20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶОМИ КФО-2022. Имрӯз КМВА-и Душанбе бо дастаи «Суғдиёна»-и Узбекистон бозӣ мекунад

65
ҶОМИ КФО-2022. Имрӯз КМВА-и Душанбе бо дастаи «Суғдиёна»-и Узбекистон бозӣ мекунадИмрӯз, 27 июн дар минтақаи марказӣ даври бозиҳои дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давр, дар гурӯҳи «Е» дастаи КМВА–и Душанбе бо бозингарони «Суғдиёна» -и Узбекистон қувваозмоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чоргонаи «Е», барандаи медали биринҷии мусобиқоти Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА-и Душанбе бо қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир»-и Ашқобод (1:1) мусовӣ кард.

Ҳарду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи КМВА ба нишон расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КВМА Элчибек Рашидбеков тӯбро ба дарвозаи худаш зад. Абдулло Шарифов дар дақиқаи 90+3 ҳисобро мусовӣ кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е», ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна»-и Ҷиззах барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар мавсими гузашта бар тими «Нефтчӣ»-и қӯчқор-аторо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дар гурӯҳи «Е» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Узбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҷоми КФО- 2022

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Узбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Суғдиёна» (Узбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) — 2:0

22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – 1:1

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Узбекистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Суғдиёна» (Узбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво