18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар муколламаи кишварҳои Шарикии глобалӣ оид ба маориф иштирок ва суханронӣ намуд

231
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар муколламаи кишварҳои Шарикии глобалӣ оид ба маориф иштирок ва суханронӣ намуд28 июн Вазири маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи иштироки Саммити муқаддамотии бознигарии низоми маорифи кишварҳои узви Созмони Миллали Мутаҳид дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, дар бахши муколамаи вазирони кишварҳои узви Шарикии глобалии маориф (GPE) ширкат варзида, оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи аснод барои ба дастовардани лоиҳаи сармоягузорӣ суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмии мамлакат хабар доданд.

Раҳим Саидзода иброз дошт, ки «вазорати маориф ва илми мамлакат ба таҳияи созишномаи шарикии КОМПАКТ дар моҳи январи соли 2021 оғоз кард ва як гурӯҳи кории техникӣ таъсис дод, ки дар он бо Гурӯҳи ҳамоҳангсозии шарикони рушд (LEG) ва намояндагони Шарикии глобалӣ ҳамкории зичро ба роҳ монд. Зимни таҳияи ҳуҷҷат ба вазифаҳои муайянкардаи Стратегияи рушди маориф то соли 2030, ба монанди таҳсилоти салоҳиятнок, беҳтар намудани сифат ва натиҷаҳои таълим, таъмини таълим дар давоми ҳаёт барои ҳамаи кӯдакон бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шуд».

Ба гуфтаи Вазир маориф ва илми мамлакат, шарти асосии муваффақ шудани Тоҷикистон дар ҷараёни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо ин риояи коршиносон ба тамоми талабот ва интизориҳои Шарикии глобалии маориф ҷиҳати таҳияи дархост барои дастгирии ислоҳоти низоми маориф ба шумор меравад. Ба сифтаи тавсия ба дигар давлатҳо, истифодабарии модели нави амалиётии Шарикии глобалии маориф то соли 2025, ки механизмҳо ва абзорҳои худро дар банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи афзалиятҳо, муайян шуда буданд мутобиқ ва корбарӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳо барои муколамаи фарогирӣ соҳаи маориф тавсия дода шуд, ки шароити заруриро барои гурӯҳҳои маорифи маҳалӣ фароҳам оранд ва имкони иштирок ва ҷалби ҳамаи шарикон дар ин раванд ба инобат гирифта шавад.

Дар муколама вазирони маорифи дигар кишвархо, ки дар Саммит ширкат доштанд, суханронӣ намуданд.

Дар охир аз ҷониби ширкаткунандагон муроҷиатнома ба Созмони Миллали Мутаҳид қабул карда шуд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво