19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ваҳдати миллӣ. Сароғози бунёдкориҳо ва дурнамои рӯзгори босаодат»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

198
«Ваҳдати миллӣ. Сароғози бунёдкориҳо ва дурнамои рӯзгори босаодат»,- шарҳи матбуоти даврии ТоҷикистонҲафтаи сипаригардида нашрияҳои даврии Тоҷикистон кадом воқеаву рӯйдодро аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии мамлакат мавзӯи меҳварӣ қарор доданд ва дар саҳифаҳои рӯзномаву ҳафтаномаҳо кадом матолиб барои хонандагон ҷолибтару хонданӣ маҳсуб мешуд? Доир ба ин мавзӯъ шарҳи матбуот аз АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи №123 (24 482), чоршанбе, 29 июни соли равон таҳти сарлавҳаи «Ваҳдати миллӣ. Сароғози бунёдкориҳо ва дурнамои рӯзгори босаодат», «Мактаби сиёсии Пешвои миллат. Конфронси байналмилалӣ дар Бохтар», «Тоҷикистон сарзамини обҳои нилгун ва мусаффо», «Убайдулло Раҷабов. Мақоми ҳунарманди асил дар рушди санати тоҷик», сафари кории Владимир Путин ба Тоҷикистон ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нашр намудааст.

Муаллифи маводи «Ваҳдати миллӣ. Сароғози бунёдкориҳо ва дурнамои рӯзгори босаодат» муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода нигоштааст: «Миллати тоҷик ҳамчун мардуми сарбаланду баномус дар оташи муборизаҳои таърих обутоб ёфт, худро шинохт ва имрӯз парчами зафар болои сар бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои бадастовардааш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бузургтарин хизмати Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин раванд шароит ва имконият фароҳам овард, ки мо ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузорем. Ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии Сарвари давлати мо мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ гардидааст».

«Танҳо дар сурати мавҷуд будани ваҳдату муттаҳидӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мениҳад. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонида бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президенти мамлакат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину фаровон ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо тоҷикону тоҷикистониён ифтихор мекунанд»,-нигоштааст Абдураҳмон Аламшозода. Хонанда имкон дорад, ки давоми матлабро аз ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» мутолиа намояд.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад аз рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» аз навигариҳои олам огоҳ шавад.

Дар шумораи №122 (24 481), сешанбе, 28 июни соли равон «Ҷумҳурият» Паёми шодбошии Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мунсибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумора матлабҳои ҷолиб, аз қабили «Тоҷикистон. Зарфиятҳои сайёҳӣ ба мардуми Олмон муаррифӣ мегарданд», «Торор. Ба ояндаи кон некбинам», «Норасоии оби нӯшоӣ ҳанӯз аз масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад. Чаро?», «Дӯстӣ. Аз омадани Пешвои миллат руҳбаландем!» ва ғайраҳо доир ба мавзуъҳои муҳимми рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

«Народная газета» — нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №27 (20359), 29 июни соли равон хабару гузоришҳоро оид ба сафари кори Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонанда метавонад маводи зеринро таҳти сарлавҳаҳои «Некоторые вопросы теории отражения и криминалистической графологии», «Идеологи мира ее консолидирующая сила в Таджикистане», «Памир в геополитических интересах сверхдержав» ва хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигори ин нашрияро дар самти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию варзишӣ мутолиа намояд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №25 (1371), чоршанбе, 29 июни соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо руйдодҳои сиёсию иқтисодии мамлакатро инъикос намудааст. Инчунин дар ин шумораи рӯзнома хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ ва дигар маводи ҷолиб ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, маводи «Нақши Русия дар таҳкими сулҳи байни тоҷикон», «Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст», «Ваҳдати миллӣ заминаи эҳёи миллат» ва «Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан» ҷолибу хонданбобанд.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №26 (12 354), 30 июни соли равон чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат Паёми шодболшии Сарвари давлатро нашр намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвони «Забони модарии мо тавоност», «Тухми бадномӣ накорем», «Тарбияи фарзанд вазифаи кист?», «Ҳадаф: тарбияи насли созандаи ҷомеа», вазъи истироҳатгоҳҳои мактабиён ташвишовар аст» «Ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад» ва дигар матобилро вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд ва дигар мушкилоти вобаста ба соҳаи маорифи мамлакатро метавон мутолиа намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво