19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Наврасони Хоруғ ба лагери дараи Ромити шаҳри Ваҳдат раҳсипор гардиданд

189
Имрӯз хонандагони маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба лагери дараи Ромити шаҳри Ваҳдат гусел карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Зикр карда шуд, ки ин иқдом ба тарбияи маънавии кӯдакону наврасон таъсири мусбӣ расонида, сатҳи худшиносию ватандӯстии хонандагонро боло мебардорад.

Мавриди зикр аст, ки дар истироҳатгоҳ барои қабули онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шудаанд ва ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида, аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон имсол 50 лагери беруназшаҳрӣ ҷиҳати қабули кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 7, вилояти Суғд-19, вилояти Хатлон — 7 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 истироҳагоҳ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво