25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶОМИ КФО-2022. «Хуҷанд» дар финали минтақаи марказӣ бо «Суғдиёна» бозӣ мекунад

160
ҶОМИ КФО-2022. «Хуҷанд» дар финали минтақаи марказӣ бо «Суғдиёна» бозӣ мекунадНоиб-чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ғолиби гурӯҳи «F»-и Ҷоми КФО-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими «Дордой» чемпиони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0).

Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна», ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард, бозӣ мекунад. Макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи F. Даври 3

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 0:0

30 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво