Дирӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистонро муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоваранд.
«Вале дар айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон. — Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд».
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъомаду ҳамоишҳо, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ баргузор мегарданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳо, ки дар он ҷо тоҷикон ба сар мебаранд, таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»