6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шурӯъ аз соли нави хониш дар Тоҷикистон хонандагону донишҷӯён ҳуқуқи бо мошин ба дарс омадан надоранд

1081
Чор қонуни марбут ба соҳаи маориф дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 28 август аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардиданд. Инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» мебошанд. Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зикргардида минбаъд дар Тоҷикистон бо мошин ба дарс омадани талабаҳои мактаб ва донишҷӯён манъ карда мешавад.

Қонунҳои мазкурро дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ шарҳ дод. Зикр гардид, ки мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонунҳо ба танзим даровардани рафтуомади хонандагону донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, таъмини раванди устувори таълиму тарбия, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани масъулияти талабаҳою донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишвар мебошад.

Тибқи илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», ҳангоми бо мошин ба таълимгоҳ ҳозир шудан донишҷӯ ба муҳлати як сол аз таҳсил хориҷ мегардад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар сурати бо мошин ба дарс омадан донишҷӯ ба муддати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво