24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай омодагиашро барои ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард

186
Ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай омодагиашро барои ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард23 июн дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба ширкати атриёти «Jizan Perfumes LLC»-и Дубай зимни мулоқоти маҷозии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо роҳбари ширкати мазкур Маҳмуд Роҳпаймо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ширкати атриётӣ бо ширкатҳои маъруфи атриётии ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Дар ширкати номбурда шаҳрвандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон кор мекунанд. Роҳбарияти ширкат аз фаъолияти тоҷикон қаноатманд буда, омодаи ҷалби бештари кормандон аз Тоҷикистон мебошад.

Зимни мулоқот тасмим гирифта шуд, ки то 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ва корманди анбор ба ширкати номбурда сафарбар карда шаванд. Инчунин дар мулоқот тамоми масъалаҳо, аз ҷумла шарту шароити корӣ ва будубоши онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки яке аз талаботи асосӣ ин донистани забони англисӣ мебошад.

Дар фарҷом тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати сафарбар намудани довталабон ба Аморати Муттаҳидаи Араб байни ширкати мазкур ва Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво