26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор оид ба гўштини дзюдо оғоз мешавад

173
Имрӯз Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор оид ба гӯштини дзюдо оғоз мешавадИмрӯз дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam») оид ба намуди гӯштини дзюдо оғоз мешавад, ки он то 26 июни соли равон идома меёбад. Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон се паҳлавони шинохтаи тоҷик — Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) иштирок мекунанд, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи «Grand Slam» яке аз бонуфузтарин мусобиқоти арсаи ҷаҳонист. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 варзишгар аз 27 давлат иштирок мекунад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳайати даста иборат аз Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ки пас аз ду соли муолиҷа ба варзиш баргаштааст, Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунад.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) ва Бенс Борос (Маҷористон) қувваозмоӣ мекунад.

Беҳрӯз Хоҷазода паҳлавони дигари кишвар дар даври аввал дар вазни то 73 кг, бо варзишгари мизбон Уранбайар Одгерел вориди рақобат мешавад. Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков ин варзишгаро дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 шикаст дода буд.

Дар вазни то 90 кг дар мусобиқаи мазкур кишвари моро Амирҷони Насимҷон намояндагӣ мекунад. Амирҷон дар даври аввал бо варзишгари мизбон Мунхбайар Баттогтох рақобат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки паҳлавонони шинохтаи мо – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода рӯзи дуюм (25 июн), Амирҷони Насимҷон рӯзи сеюм (26 июн) баҳри ба даст овардани нишонҳои фахрӣ рақобатҳоро шурӯъ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam 2022» иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст. Чун анъана қувваозмоиҳо давоми се рӯз доир мегарданд. Ба ғолибон дар баробари медал додани ҷоизапулӣ дар назар гирифта шудааст. Ғолиби ҳар вазн соҳиби 5000 евро, барандаи медали нуқра соҳиби 3000 евро ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегардад.

Қобили зикр аст, ки марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти «Grand Slam» дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.

Бояд зикр аст, ки дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2022», ки 3-5 июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси баргузор шуд, варзишгарони тоҷик низ иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.Аз байни гӯштигирони тоҷик се нафар — Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво