20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор муайян шуданд

185
ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор муайян шудандАз 24 то 26 июни соли равон дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam») оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад, ки дар он се паҳлавони шинохтаи тоҷик — Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) иштирок мекунад, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Шаҳром Аҳатов (Ӯзбекистон) ва Бенс Борос (Маҷористон) қувваозмоӣ мекунад. Беҳрӯз Хоҷазода паҳлавони дигари кишвар дар даври аввал дар вазни то 73 кг, бо варзишгари мизбон Уранбайар Одгерел вориди рақобат мешавад. Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков ин варзишгаро дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 шикаст дода буд.

Дар вазни то 90 кг дар мусобиқаи мазкур кишвари моро Амирҷони Насимҷон намояндагӣ мекунад. Амирҷон дар даври аввал бо варзишгари мизбон Мунхбайар Баттогтох рақобат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки паҳлавонони шинохтаи мо – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода рӯзи дуюм (25 июн), Амирҷони Насимҷон рӯзи сеюм (26 июн) баҳри ба даст овардани нишонҳои фахрӣ рақобатҳоро шурӯъ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam 2022» иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст. Чун анъана қувваозмоиҳо давоми се рӯз доир мегарданд. Ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ дар назар гирифта шудааст. Ғолиби ҳар вазн соҳиби 5000 евро, барандаи медали нуқра соҳиби 3000 евро ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегардад.

Қобили зикр аст, ки марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти «Grand Slam» дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво