20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Изҳори тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

171
Изҳори тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон«Ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард»,- хабар медиҳад ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.

Дар тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.Барои осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ орзуи шифои оҷил дорем».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, шаби 22 июн дар вилоятҳои Пактико, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ, Логар ва Кобули Афғонистон заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал рух дод. Тавре агентии «Bakhtar» хабар медихад, 1000 нафар ба ҳалокат расида, 1500 кас маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ бар онанд, ки эҳтимол шумораи қурбониён ва захмиён зиёд шавад.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво