28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ДӮСТ БОШЕД, ИТТИФОҚ БОШЕД…». Ин даъвати Пешвои миллат барои мо мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрист, мегӯяд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода

287
«ДӮСТ БОШЕД, ИТТИФОҚ БОШЕД…». Ин даъвати Пешвои миллат барои мо мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрист, мегӯяд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода«Дӯст бошед, иттифоқ бошед…» — ин гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар субҳу шом дар фазои хонадони ҳар яки мо, қабл аз шурӯи барномаи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон садо медиҳанд, мисли зангӯлаи бедориву ҳушёрӣ ҳастанд, ки моро ҳар замон ба ваҳдату иттифоқ ва дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят месозанд. Зеро танҳо дар сурати пойдор будани ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ нигоҳ доштану таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ, ки орзуи ҳазорсолаи миллати мост, имконпазир мегардад. Чунин иброз намуд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис ШАРИФЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ.

Номбурда таъкид намуд, ки «мо набояд мафҳуми «Ваҳдати миллӣ»-ро танҳо ҳамчун шиор бипазирем. Ҳар як сокини мамлакат вазифадор аст, ки ба маънӣ ва мақоми сарнавиштсози он дар тақдири миллат дуруст сарфаҳм биравад. Мебояд маъвои онро дар қалби хеш ҷой дода, барои пойдориву ҷовидонии ваҳдати миллӣ бо корбурд аз мақоми хеш дар ҷомеа ҳамеша дар саъю талош бошем. Ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша ҷонибдор ва муҳофизи пойдории ваҳдати миллӣ бошему нагузорем, ки душманони миллат бо иғвоҳои пардапӯшона миёни мардуми кишвар ҷудоӣ андозанд. Воқеаҳои чанде пештар дар кишвар рухдода бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки ҳанӯз душманони миллати мо ором нагирифтаанд. Онҳо лаҳзаи мувофиқ меҷӯянд, то оромии Тоҷикистонро халалдор намоянд».

— Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард», — афзуд Наргис Шарифзода.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «ҳамагон медонанд, ки роҳи дарёфти сулҳ дар Тоҷикистон саҳлу осон набуд. Хиради зотии халқи мо, ки дар таърих ҳамеша бо сулҳпарвариву башардӯстиву инсонгарии худ ном баровардааст, имкон фароҳам овард, ки дар атрофи фарзанди фарзонаи худ Эмомалӣ Раҳмон сарҷаъм шаванд ва давлату миллатро аз нестӣ раҳоӣ бахшанд. Мояи ифтихору хушбахтист, ки бо қадами мубораки фарзанди шуҷоъву ҷонфидои Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ дар сарзамин пойдор гардид ва тӯли 25 соли баъди ба даст овардани он симои шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ пеш рафт, мактабу маориф, илму маърифат тараққӣ намуданд».

-Арҷгузорӣ бояд кард, ки Сарвари давлат дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони навин ва ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими истиқлоли давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ нақши беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ раҳо бахшиданд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд, — илова кард ӯ.

Мавсуф ёдовар шуд, ки хизматҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, таҳти №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016, таҳти №1356) қабул гардид ва ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

«Мо халқи меҳнатдӯсти баору номуси Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ,ки моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем», — гуфт дар фарҷоми суҳбат муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Наргис Шарифзода.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво