20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадтоир Зокирзода бо Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд

145
Маҳмадтоир Зокирзода бо Эмре Зеки Карагёл мулоқот намудВазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия имрӯз дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар мулоқот барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардида, таъкид шуд, ки давоми 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат табодули афкор сурат гирифта, ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Мо омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон хусусан ҳамкории байнипарлумонӣ талошҳои муштарак ба харҷ диҳем. Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем»,-афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Туркия мебошад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво