29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Найробӣ иштирок дорад

201
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Найробӣ иштирок дорадНамояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-ми Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4), ки аз 21 то 26 июни соли 2022 дар шаҳри Найробии Кения баргузор мегардад, иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи чорабинии мазкур дастгирии ҷонибҳои Конвенсия ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар мубоҳисаҳо ва гуфтушунидҳои онҳо дар ҷаласаи чоруми Гурӯҳи корӣ (WG2020-4) мебошад.

Чаласа таҳти роҳбарии Котиби иҷроияи Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз гардида, масъалаҳои марбут ба чорчӯбаи мониторинги иттилоотӣ; маълумоти илмӣ дар бораи ҳадафҳо ва мониторинг ҷиҳати дастгирии гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯбаи гуногунии биологии глобалӣ пас аз соли 2020, дурнамо оид ба дастгирии гуногунии биологии GEF-8, Стратегияи гуногунии биологии GEF-8 ва аз Шарм-эл-Шайх то Кунмин, барномаи амал барои табиат ва инсон — гузаштан аз уҳдадориҳои гуногунии биологӣ ба татбиқи иқтисодиёти воқеӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ дар Найробӣ иштирок дорад


АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво