29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ҶОМИ КФО-2022. Дастаҳои КМВА ВА «Хуҷанд» пас аз ду рӯз рақобатро дар марҳилаи гурӯҳӣ шурўъ мекунанд

114
ҶОМИ КФО-2022. Дастаҳои КМВА ВА «Хуҷанд» пас аз ду рӯз рақобатро дар марҳилаи гурӯҳӣ шурӯъ мекунанд24 июн дар минтақаи марказӣ марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 оғоз мешавад. Дастаҳои КМВА (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар ин мусобиқоти бошгоҳии Осиё ширкат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар гурӯҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Дар гурӯҳи «F» ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Хуҷанд» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон «Копетдаг» мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.

Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.

Ҷоми КФО- 2022

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Сугдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»

Иштирокчиён: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Акс: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво