29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хатлон бо иштироки ҳуқуқшиносони «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия ҷаласаи корӣ доир гардид

173
Дар Хатлон бо иштироки ҳуқуқшиносони «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия ҷаласаи корӣ доир гардид21 июн дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ ҷиҳати муҳокимаи самтҳои ҳамкорӣ оид ба таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон ва муарифии ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додан ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Дар ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилоят, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, намояндагони сохторҳои қудратӣ, як зумра раисони ноҳияҳо ва намояндагону ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «мақсад аз баргузор намудани ҷаласаи корӣ таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба сокинон мебошад».

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро эътироф кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин санадҳои байналмилалӣ дар қаламрави мамлакат амалӣ шаванд. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён зикр дошт, «аз соли 2016 инҷониб Вазорати адлия якҷо бо шарикони рушд ба қишрҳои осебпазири ҷомеаро ёрии ҳуқуқӣ мерасонад».

Зикр гардид, ки мақсади фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласаи корӣ иштирокдорон зикр намуданд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома то имрӯз дар маҷмӯъ даҳ марказҳои ёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, ки ба аҳолӣ ва корафтодагон хизматрасонӣ менамояд.

Ҳамчунин аз ҷониби Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони таъйингардида дар даҳ ноҳияҳои вилоят муаррифӣ карда шуда, аз мақомотҳои маҳаллӣ талаб гардид, ки барои амалигардии раванди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бо ҳуқуқшиносони марказҳои ёрии ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монанд.

АКС: Мақомоти иҷоии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво