29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То оғози баргузории Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор оид ба гўштини дзюдо ду рӯзи дигар боқӣ монд

119
То оғози баргузории Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор оид ба гӯштини дзюдо ду рӯзи дигар боқӣ мондАз 24 то 26 июни соли равон дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam») оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад, ки дар он се паҳлавони шинохтаи тоҷик — Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) иштирок мекунад, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи «Grand Slam» яке аз бонуфузтарин мусобиқоти арсаи ҷаҳонист. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 варзишгар аз 27 давлат иштирок мекунад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳайати даста иборат аз Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ки пас аз ду соли муолиҷа ба варзиш баргаштааст, Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунад.

Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар ҳафт вазн байни мардону занон иштирок мекунанд. Хазинаи ҷоизаивии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба барандаи ҷои аввал 4 ҳазор евро, ҷои дуюм 2,4 ҳазор евро ва ғолиби ҷои сеюми мусобиқа 1,2 ҳазор евро тақдим карда мешавад. Арзиши мукофотҳо барои ҳисобкунии рейтинг чунин хоҳад буд: 500 хол – ҳисоби рейтинги ҷаҳонӣ барои тилло, 300 барои нуқра ва 200 барои биринҷӣ.

Бо шарофати арзиши баланди рейтинги ғолибият дар чунин мусобиқаҳо дар ин сатҳ ба таври анъанавӣ дзюдочиёни номдор ширкат меварзанд.

Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти «Grand Slam» дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.

Дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2022», ки 3-5 июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси баргузор шуд, варзишгарони тоҷик низ иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар — Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво