29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавад

162
ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавадАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 июн зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара суханронӣ намуда, ба масъалаи воқеаҳои охири Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, ки аҳолии тамоми мамлакатро ба ташвиш оварда буданд, дахл карданд.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, нимаи дуюи моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ бетартибиҳои оммавӣ рух доданд. Воқеаҳое, ки ба мал омаданд, «пешакӣ ба нақша гирифта шуда буданд ва тарафҳои манфиатдори дохилӣ ва берунӣ кӯшиш мекарданд, ки вазъияти минтақаро ноором гардонанд ва оромии шаҳрвандонро халалдор созанд. Аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ба корвони мақомоти амнияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамла содир гардида, шоҳроҳи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон ва Чинро ба ҳам мепайвандад, аз ду тараф баста шуд. 220 000 нафар дар иҳота буданд, як ҳафта пас дар шаҳри Хоруғ нарху наво осмон дакка хӯрд. Дар Рӯшон раиси ноҳияро лат карданд, муовини раис, зани тоҷик, духтари тоҷикро мушт заданд…


ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавад


«Зиёда аз 15 маротиба ман онҳоро авф кардам ва кӯшиш намудам, ки бо роҳи фақат тарбия кардан ба зиндагии осоиштаву муқаррарӣ баргардонам. Сӣ сол. Дар тӯли ин солҳо сохторҳои низомӣ аз онҳо 3-4 ҳазор муҳимоти ҷангӣ мусодира карданд. Лаҷоми онҳоро хоҷагони хориҷӣ ба даст гирифтанд. Дар як муҳлати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузориашон карданд… Ҳамон ҳизби наҳзати исломии террористӣ ва хоҷагони он. Ҳадаф, мақсад табадулот кардан буд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ин ба рушду суботи давлат, ҷомеа, соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти насли наврас хатари ҷиддӣ эҷод мекард.

«Аз ин рӯ мо амалиёти махсус анҷом додем. Роҳи дигар набуд, — зикр карданд Пешвои миллат. — Вазифаи давлат аст таъмини амнияти шаҳрвандон, амнияти миллӣ ва амнияти давлат».

Тавре зикр гардид, онҳо (гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноятӣ) ҳуқуқи маънавӣ надоштанд ва надоранд, ки аз номи мардуми Бадахшон ҳарф зананд ва худро намояндаи онҳо хонанд.

«Рушду некуаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардумро танҳо дар шароити амнияту оромӣ ва суботи ҷомеа таъмин кардан мумкин аст. Маҳз суботу устуворӣ ва амният барои мардум имкони эҳсоси зиндагии хуррам ва эътимод ба фардоро фароҳам оварда, онҳоро ба меҳнати софдилона ва фидокорона ба нафъи сарзамини хеш илҳом мебахшанд», — таъкид доштанд Пешвои миллат.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки бо Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамкории зич ба роҳ монда, татбиқи барномаҳои давлатии қаблан тасдиқшударо ҷиҳати рушди минтақа дар соҳаҳои мухталиф аз сар гиранд. Минҷумла, ба Вазири нақлиёт Азим Иброҳим супориш дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар аз ҳисоби буҷети давлат роҳу пулҳои аз ҷониби ҷинояткорон харобшуда, аз ҷумла пули болои дарёи Ғунд дар Хоруғро барқарор намуда, сохтмону таҷдиди қитъаи роҳҳои Калъаихумб-Ванҷ ва Рӯшон-Хоруғи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма ва долонҳои зиддитарма дар маҳаллаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро таҳким бахшад.

Сарвари давлат Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабирро барои омӯзиши имкониятҳо ва хусусиятҳои маҳаллии бунёди паркҳои технологӣ ва корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо шарти ба кори ин иншоот ҷалб намудани 80 фоизи аҳолии маҳаллӣ ба муддати даҳ рӯз ба Хоруғ ба сафари корӣ фиристоданд.

Сарвари давлат ҳамчунин ба роҳбарони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (ҷиҳати бо кор таъмин намудани сокинони маҳаллӣ), Вазорати маориф ва илм (оид ба таъмини мактабҳои вилоят бо асбобу анҷоми таълимӣ ва рушди забони давлатӣ), Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ (оид ба таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаи зарурӣ барои шароити кӯҳсор ва тухмии хушсифат), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (оид ба азхудкунии қариб 1000 гектар замин дар Рӯшон ва дигар ноҳияҳои вилоят), Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ (оид ба вусъат бахшидани сохтмони иншоот дар Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят) дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ПРЕЗИДЕНТ СУПОРИШ ДОДАНД: ТАТБИҚИ БАРНОМАҲО ОИД БА РУШДИ ВМКБ ТАЪМИН КАРДА ШАВАД. Дар минтақаи аз ҷиҳати ҳудуд калонтарини Тоҷикистон тараққиёти босуръати соҳаҳо пешбинӣ мешавад


Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот (Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки қаблан иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ буд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2022 дар ин вазифа тасдиқ карда шуд) дар машварати корӣ суханронӣ карда, ба Пешвои миллат аз номи мардуми вилоят арзи сипос намуд ва изҳори итминон кард, ки дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда ва инчунин бо дарназардошти аз ҳудуди Бадахшон гузаштани шоҳроҳи байналмилалии аз нуқтаи назари иқтисодӣ бисёр муҳим вилоятро дар тамоми соҳаҳо пешрафт ва рушди беназир интизор аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ / АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво