29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола муайян шуданд

144
Дар Душанбе ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола муайян шудандАз 15 то 20 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди волейбол миёни ҷавонони то 23-сола дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гардид, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаҳои мунтахаби волейболи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуд. Миёни мардҳо дастаи мунтахаби волейболи Қазоқистон пирӯз шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Узбекистон ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки миёни ҷавонон дастаи мунтахаби Узбекистон ғолиб гардида, дастаи мунтахаби Қазоқистон ҷои дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво