28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

27 июн дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад

142
27 июн дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир мегардад27 июн дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазораи фарҳанги мамлакат.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ 27 июн, соати 18:00 оғоз гардида, пеш аз оғози он намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Ҳамзамон дар чор ноҳияи пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ баргузор мешаванд.

Инчунин дар ин рӯз, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои фарҳангӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт манзур мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

АКС: манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво