20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон масъалаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтаронро баррасӣ менамояд

177
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон масъалаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтаронро баррасӣ менамояд23 июни соли 2022 Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор мегардад, ки яке аз масъалаҳои дар он баррасишаванда ин иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 майи соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар иҷлосияи мазкур ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 апрели соли 2021 «Дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 «Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID — 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят», инчунин ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ шунида мешаванд.

Дар иҷлосия ҳамчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии вакилон қарор мегиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво