20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Гўштингири тоҷик Суннат Абдуллоев дар Чемпионати Осиё миёни наврасон медали нуқра гирифт

150
Гӯштингири тоҷик Суннат Абдуллоев дар Чемпионати Осиё миёни наврасон медали нуқра гирифтДар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг ҷои дуюмро сазовор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Суннат дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Кутман Темирбеков мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат Ҳусейн Ҳасанов дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гӯштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.

Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола фардо ва пасфардо бо рақобатҳои духтарон ва писарон дар равияи гӯштини озод идома меёбад. 23 июн қувваозмоиҳо миёни ҷавонони то 23-сола оғоз мегардад.

АКС: КМО Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво