19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Пайки Ваҳдат» силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд

165
Дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Пайки Ваҳдат» силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд«Пайки Ваҳдат» — таҳти ин унвон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи «24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатиро роҳандозӣ намудааст, ки то охири моҳи июн идома меёбанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шоми 14 июн дар Боғи «24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби санъаткорони Ҷамоати шаҳраки Консой барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури сокинону меҳмонони шаҳр гардонида шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон иштирок доштанд. Сокинон бо рӯҳияи болида ба сайру гашт баромада, аз тамошои барномаи фарҳангӣ шоми фароғатии худро рангин намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво