29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар Душанбе китоби тозанашр — «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дорои аҳамияти ҷаҳонист, муаррифӣ мегардад

434
Пагоҳ дар Душанбе китоби тозанашр — «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дорои аҳамияти ҷаҳонист, муаррифӣ мегардадПагоҳ, 18 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) баргузор мешавад. Китоб аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Адиб» ба забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва теъдоди 9500 нусха нашр шудааст.

Дар ганҷинаи фарҳанги ҷаҳонӣ осори нодири нобиғагони башарӣ маҳфуз аст, ки таъриху фарҳангро фаро гирифтаасту маҷмӯи меъёрҳои ахлоқию динӣ, шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад. Аз ҷумлаи ин гуна офаридаҳо «Маснавии манавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) аст, ки бо ҳунари баланд ва низоми мутаносиби рисолаҳои мантиқӣ ва мазҳабӣ дар муаррифии печидатарин масоили адабиву ахлоқӣ хос аст.

«Маснавӣ» дар тули зиёда аз 700 сол натанҳо арзиши идеявию бадеии худро гум накардааст, балки дар мамлакатҳои аз ҷиҳати маънавӣ хеле тараққикардаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Аврупо ва Амрико ҳамчун яке аз ёдгориҳои бебаҳои адабӣ -таърихӣ дар раванд ва таҳаввулоти адабиёт ба ҳисоб меравад.

Пагоҳ дар Душанбе китоби тозанашр — «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дорои аҳамияти ҷаҳонист, муаррифӣ мегардад


Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо такя ба маълумоти манбаъҳои гуногуни ҷаҳонӣ навишта буд, тайи 10 соли охир дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) аз ҳама бештар мутолиа ва фурӯхташуда, эътироф шудааст. Махсусан пас аз он, ки ЮНЕСКО соли 2007-ро бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли Ҷалолиддини Румӣ эълон кард ва дар саросари ҷаҳон 800-солагии Мавлоно таҷлил шуд, дар Амрико ва дигар гӯшаву канори ҷаҳон боз ҳам таваҷҷуҳ ба эҷодиёти ин шоири бузург бештар шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет танҳо бо забони англисӣ бо беш аз 800 ҳазор мавод дар бораи шоир ва иқтибосҳо аз ашъори ӯ пайдо мегардад. Дар саросари Амрико дар марказҳои савдо китобҳои Ҷалолиддини Румиии Балхӣ, тақвимҳо ва ҳатто либос, ки акси шоирро доранд, фурӯхта мешаванд.

Ба иттилои “The Guardian”, китоби ашъори шоир бо номи “Марвориди Румӣ» ба забони инглисӣ, ки аз ҷониби донишманди маъруфи амрикоӣ Колман Баркс тарҷума шудааст, бо тиражи беш аз як миллион нусха дар Амрико, дар кӯтоҳтарин фурсат ба фурӯш рафтааст ва ҳоло китоб, чунон ки мегӯянд, аз даст ба даст фӯрухта мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво