19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили Рўзи сохтмончиён Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»

1181
Таҷлили Рӯзи сохтмончиён  Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»

Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди касбии сохтмончиён ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 11-12 –уми август дар толори барҳавои Театри вилоятии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов Намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт» баргузор гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Раиси шаҳри Қурғонтеппа Исмоилзода Абдуалим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоишгоҳ 16 ташкилоти лоиҳакашӣ, наздик ба 30 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва 12 корхонаи хиштистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ширкат намуда, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Бояд қайд кард, ки чунин намоишгоҳ соли гузашта дар Душанбе –пойтахти ҷумҳурӣ ташкил гардида буд.
Дар намоишгоҳи имсола бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, аз ҷумла хишти сафолӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуданд.
Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.Таҷлили Рӯзи сохтмончиён  Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиринро бо Рӯзи кормандони сохтмон табрик намуда, гуфт:
- Бо камоли эҳтиром мехоҳам ҳамаи онҳоеро, ки биноҳои бузургу дилрабо месозанд, ба шаҳрҳои мо ҳусну зебоӣ ато менамоянд, зиндагии моро рангину гуворо мегардонанд - лоиҳакашон, устоҳо, соҳибони даҳҳо ҳунари созандагиву бинокорӣ ва истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмониро ба муносибати Рӯзи кормандони сохтмон самимона табрик намоям!
Яке аз нишонаҳои рушди давлату давлатдорӣ ин бунёдкорӣ, ободу зебо гаштани маҳалли зист, таҷдиди маҳалла, шаҳраку шаҳрҳо ва инфрасохтори онҳо мебошад,- суханашро идорма дод Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.- Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди биноҳо ва иншооти нав сохта ба истифода дода шудаанд ва ин иқдом бетафсил идома дошта, дар ҳаёти ҳар шаҳрванди диёри азизамон хотираҳои нек мемонад. Чорабинии имрӯза бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии Рӯзи сохтмончиён бахшида шудааст.
Мову шумо хуб дарк мекунем, ки дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд.
Меҳнати меъмор ва сохтмончӣ ҳамеша дар талаби ҷамъият аст. Натиҷаҳои ҳақиқии ин меҳнат тағйири симоҳои шаҳру деҳот ва нуқтаҳои аҳолинишин мебошад, ки имконоти зиндагии бароҳатро барои ҳар як оила фароҳам меорад.
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, аз ҷумла хишти сафолӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебошад.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. изҳори боварӣ намуд, ки меъморону лоиҳакашон ва сохтмончиён ҳидояти хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки афзудаанд: “Ба бунёдкориву созандагӣ рӯ оварда эҳёи Ватани бостониамонро таъмин мегардонем” сармашқи кори худ намуда, дониш, имконоти маънавӣ ва касбии худро пурра барои беҳбудии халқ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳанд кард.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ширкаткунандагони Намоишгоҳро бо Рӯзи сохтмончиён табрик намуда, ёдрас шуд, ки сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашони мамлакат дастуру супоришҳоеро, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ талошу кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Таҷлили Рӯзи сохтмончиён  Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт» -Соҳаи меъморӣ ва сохтмон дар сиёсати имрӯза мавқеи намоёнро ишғол намуда, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҳаёти ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ҳаматарафа меёбад ва дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ шахсан ҳиссаи Ҷаноби Олӣ хеле бузург аст, -гуфт Азим Иброҳим. Ў изҳори хушнудӣ намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоти воқеъии мавҷуда, сохтмончиёни ҷумҳурӣ дар самти пешрафти ҷомеа ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд, ки ин аз дурустии сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд ва яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда мебошад.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон зимни сухани табрикотиаш ба Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат Призиденти кишвар, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои ташкили чунин як намоиш дар маркази вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.Таҷлили Рӯзи сохтмончиён  Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»
-“Мо хушҳол аз онем, ки имрӯз меъморону сохтмончиён ва корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар маркази вилояти мо ҷамъ омаданд. Мо дар сохтмонҳои вилоят на танҳо сохтмончиёни вилояти Хатлон, балки сохтмончиёни тамоми минтақаҳои кишварро ҷалб мекунем. Дар ин бинои театри мусиқию мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонов, ки айни замон ин намоиш ба кори худ оғоз мекунад, саҳми сохтмончиёни тамоми минтақаҳои кишвар гузошта шудааст”- гуфт раиси вилоят.
Таҷлили Рӯзи сохтмончиён  Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»
Маълум гардид, дар ин чорабинӣ нисбат ба соли гузашта иштироки корхонаву ташкилотҳои дорои масолеҳи босифат зиёд гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин давра корхонаву ташкилотҳо фаъолияти худро дар ин самт дучанд зиёд намудаанд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаашон дар ин чорабинӣ корхонаву ташкилотҳоро бо сипоснома қадрдонӣ намуд.
Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №64/ф аз 24.07.2017сол барои муайян намудани беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт дар миқёси ҷумҳурӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати намояндагон аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ барои муайян намудани сифати хишти беҳтарин ба вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари хизматӣ намуда, аз ҳолати корхонаҳои истеҳсоли хишт, шароити корӣ ва ободонии гирду атрофи онҳо шинос шуданд. Ҳамзамон аз ҳар корхонаҳо барои санҷиши сифати хишт намунаҳо гирифта шуда, барои шаффофияти озмун дар назди гурӯҳи корӣ санҷида шуданд ва рафти санҷишро ба навор гирифтанд.
Таҷлили Рӯзи сохтмончиён  Намоишгоҳи дастовардхои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт»
Шарт ва тартиби гузаронидани намоиш-озмун, дараҷаҳои намоиш-озмун ва тартиби интихоби ғолиби озмун дар асоси низомномаи намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт» ба роҳ монда шуд. (Хотиррасон менамоем, ки шарту талаботи озмун 30- июни соли равон дар сомонаи Кумита - www.tajsohtmon.tj - дарҷ гардида буд). Натиҷаи санҷиши сифати хишт нишон дод, ки ҳадди миёнаи мустаҳкамии 7 корхона аз 20 корхонаи дар озмун ширкаткунанда ба талаботи ГОСТ ҷавобгӯ нест, аммо бояд қайд намуд, ки назар ба соли 2016 имсол истеҳсоли хишти босифат хело хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда дар 20 корхонаи дархостнамуда ва ҳолати корхонаҳои истеҳсоли хишт, шароити корӣ ва ободонии гирду атрофи онҳо гурӯҳи корӣ ба хулоса омад, ки:
- Дипломи ғолиби беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017 дараҷаи I ба ҶДММ «Корвони Аср» директори корхона Давлатов Суннатулло Аҳмадович;
- Дипломи ғолиби беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017 дараҷаи II ба ҶДММ «Ҳаҷмис» директори корхона Ҳусайнов Абдуҷамол Ҷалилович;
- Дипломи ғолиби беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017 дараҷаи III ба ҶДММ «Зарофарин» директори корхона Юнусов Тутишо Ҳасанович дода шавад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баргузории чунин чорабиниро дар соли 2018 дар вилояти Суғд низ ташкил намояд.
Д.Табарова
мухбири махсуси "РБ"

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво