29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и ноҳияи Ҷайҳун боздид намуданд

98
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и ноҳияи Ҷайҳун боздид намуданд16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун ба хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти Қумсангир ташриф оварда, аз рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол» соли 1997 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,4 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият дошта, ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳолисбандии зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, хусусан ҷуворимакка барои дон ва маҳсулоти полезӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки саҳмдорон дар заминҳои хоҷагӣ ғалладона, аз ҷумла гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон, наску нахӯд, мошу лубиё ва сабзавоту полезӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, сирпиёз, тарбузу харбуза, пиёзи тухмӣ, лаблабу, каду ва турбу шалғам кишт менамоянд.

Ба иттилои хоҷагидорон имсол аз ҳар гектар гандум аз 50 то 60 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. Баъд аз дарав кардани ҷаву гандум саҳмдорон дар кишти такрорӣ, асосан ҷуворимаккаи дон ва сабзавоту полезӣ кишт гузаронданд. Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда мешавад. Ба гуфти хоҷагидорон боду ҳавои мусоиди имсола ба ҳосилнокии ғалла ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ таъсири мусбат расондааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз ду гектар пиёзи киштшуда дар хоҷагии мазкур зиёда аз 130 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар хоҷагии деҳқонии “Иқбол” дар баробари ғаллакорӣ ва сабзавоту полезӣ, инчунин кишти юнучқа барои хӯроки чорво низ ба роҳ монда шудааст.
Боздид аз истифодабарии самараноки замин дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и ноҳияи Ҷайҳун 16.06.2022




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво